Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати 5 сарбози Лаҳистон дар Ғазнии Афғонистон


Намояндаи нерӯҳои байнулмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистон мегӯяд, панҷ сарбози НАТО дар таркиши бомбаи сарироҳӣ дар шарқи Афғонистон кушта шудаанд. Ҷунбиши Толибон масъулияти ин таркишро, ки дар вилояти Ғазнӣ ба вуқӯъ пайваст бар дӯш гирифт. НАТО мансубияти миллии сарбозонро ифшо накард, аммо Вазорати дифои Лаҳистон гуфт, сарбозони он кушта шудаанд. Лаҳистон дар Афғонистон 2500 сарбоз дорад, ки аксари онҳо дар Ғазнӣ ва Кобул мустақаранд.
XS
SM
MD
LG