Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Занони украинӣ: "Моро КГБ-и Беларус рабуд"


Фаъолони гурӯҳи "Фемен" дар дидор бо хабарнигорон дар Киев.
Фаъолони гурӯҳи "Фемен" дар дидор бо хабарнигорон дар Киев.

Ду кишвари ҳамсоя – Украина ва Беларус бар сари як тазоҳурот ва шикояти се шаҳрванд вориди баҳс шудаанд.

Моҷаро аз шикоят се узви созмони украинии занони фаъол бо номи “Фемен” сар шуд. Онҳо мегӯянд, пас аз ширкат дар як тазоҳуроти зидди раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенко аз тарафи кормандони Кумитаи амнияти давлатии Беларус рабуда шуда, ҳадафи бадрафторӣ ва тавҳин қарор ёфтаанд. Маъмурони амниятӣ онҳоро ба ҷангали дурдасте бурда, урён кардаанд, ба сару танашон рӯған рехтаанд ва таҳдид кардаанд, ки онҳоро ба ҳалокат мерасонанд.Яке аз кормандони амният бо корд мӯйи занонро бурида ба шохи дарахтон овехтааст.

Пас аз фирор, раҳоӣ ва бозгашт ба Украина ин занон саргузашти худро дар як нишасти хабарӣ муфассал баён доштанд. Аммо, гуфт яке аз онҳо, Инна Шевченко, ин таҳдиду тавҳин пеши роҳи созмони онҳоро гирифта наметавонад. Хонуми Шевченко мегӯяд, “агар онҳо фикр мекунанд, ки бо ин таҳқирҳо моро шикаста метавонанд, мо дар посух танҳо ханда мезанем. Мо ваъда медиҳем, ки боз ба Беларус хоҳам омад, боз аз мардуми Беларус ҳимоят хоҳем кард ва акнун бо нерӯи бештаре ин корро анҷом хоҳем дод.”

Созмони “Фемен” дар Украина ва минтақа бо шеваи эътирози худ шӯҳрат дорад. Занон дар тазоҳурот аз миён болои худро луч мекунанд ва бо ин роҳ хостори озодиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи занон мешаванд. Рӯзи 19-уми декабр онҳо ба муносибати солгарди интихоботи баҳсбарангези Лукашенко ҳамин гуна тазоҳурот барпо намуданд. Маъмурони амниятӣ зуд ин намоишро қатъ намуданд. Занон низ фирор карданд, аммо соатҳое баъд дар автовокзали Минск боздошт шуданд. Маъмурон чашмони онҳоро баста, бо дашном ва латукӯб онҳоро ба ҷангале дар вилояти Ҳомел интиқол доданд. Таҳвини се зан дар ҷангал соатҳо идома кард.

Дертар занон фирор карданд ва ба хонае дар як деҳа паноҳ бурдаанд. Аз ин ҷо онҳо ба раиси “Фемен” Анна Гутсол занг зада, хостори ёрӣ шудаанд.

Вазорати умури хориҷии Украина мегӯяд, бо мадади консули ин кишвар дар Минск, ки ба ҷои воқеа сафар кардааст, занон ба Украина баргардонида шуданд. Сухангӯи вазорат, Олександр Дикусаров ба Радиои Озодӣ гуфт, “бо вуҷуди он ки занон иҷозаи тазоҳурот надоштанд, ҷазо барои тазоҳуроти беиҷоза қонуну меъёрҳои муайян дорад. Мо аз он чӣ дар қаламрави Беларус иттифоқ афтод, мутлақан ҳимоят намекунем. Вазъият пажӯҳиши дақиқеро талаб мекунад, аз ҷумла дар қаламрави Беларус.”

Бидуни тазаккури “Фемен” вазири умури хориҷии Украина, Константин Гришенко ба Радиои Озодӣ гуфт: "Мо, албатта, бояд аз ҳама ҳимоят кунем. Ин барои мо имрӯз хеле муҳим аст ва ҳар дипломат медонад, ки ин вазифаи ӯст ва ин танҳо як санади рӯйи коғаз нест. Ҳимоят аз шаҳрвандони мо талаби ҷомеаи украин аз хадамоти дипломатии Украина аст.”

Дар он нишасти хабарӣ, хонуми Шевченко гуфт, вай ва ду шарикаш ҳодисаро ба полис ҳикоят кардаанд ва ваъда шудааст, ки қазия пажӯҳиш хоҳад шуд. “Мо талаб мекунем, ки сафири Беларус аз Украина ихроҷ шавад. Талаб мекунем, ки амалкарди кормандони амниятӣ, ки моро тавҳин карданд, баррасӣ шавад. Мо ба полис баёния додем ва ваъда гирифтем, ки парвандаи ҷиноӣ боз хоҳад шуд. Аммо шубҳа дорем, зеро медонем, ки ҳама танҳо барои таҳкими режими Лукашенко кор мекунанд.”

Тавҳини фаъолони "Фемен" дар Беларус
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00
Линки мустақим

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Кумитаи амнияти давлатии Беларус Вадим Зайтсев иттиҳомоти “Фемен”-ро “иғвогарӣ” номид ва рад кард. Вай гуфт, афсарони амниятии кишвараш ба ҳеҷ ваҷҳ занонро азият ё таҳдид накардаанд.

Лукашенко, ки аксаран “охирин диктатори Аврупо” унвон мешавад, аз соли 1994 дар сари қудрат аст. Вай дар интихоботи гузашта пирӯз эълон гашт, аммо даҳҳо ҳазор нафар аз беларусҳо зидди тақаллуб дар интихобот раҳпаймоӣ карданд. Полис тазоҳуротро саркӯб кард ва зиёда аз 700 нафарро ба ҳабс гирифт, ки бархе аз онҳо, аз ҷумла ду номзади президентӣ ҳанӯз ҳам дар зиндонанд.
XS
SM
MD
LG