Пайвандҳои дастрасӣ

Додрас шикояти вакили Виктор Бутро рад кард


Додраси амрикоӣ шикояти вакили Виктор Бутро, ки дар қочоқи силоҳ айбдор шудааст, рад кард. Вакил иддао дошт, ки яке аз аъзои ҳайати мунсифа раъйи иштибоҳӣ додааст. Додрас Шира Шейндлин баёнияи ин узви ҳайатро шунид, ки мегӯяд, раъйи дуруст додааст ва пеш аз мурофиа филми “Тоҷири марг”ро дидааст. Саргузашти Бут достони ин филмро фароҳам овардааст. Ҳайати мунсифа Бутро моҳи гузашта масъули фурӯши силоҳ ба террористони Амрикои Ҷанубӣ номид. Дар муҳокимаи навбатӣ дар моҳи феврал Бут бо ҳукми ҳабси абад рӯбарӯ хоҳад гашт. Вай соли 2008 дар Таиланд боздошт ва дертар ба Иёлоти Муттаҳида истирдод шудааст.
XS
SM
MD
LG