Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роҳи оҳани Тирмиз--Мазори Шариф ифтитоҳ ёфт


Ҳаракат дар аввалин роҳи оҳани Афғонистон оғоз ёфт. Ноиби вазири кори ин кишвар Нургул Мангал гуфт, қатори бебор 75 километр роҳи навро тай карда, аз марзи Узбакистон ба шаҳри Мазори Шариф расид. Ин масир бахше аз тарҳи пурсарусадои шабакаест, ки қарор аст, нахустин бор Афғонистони муҳот ба хушкаро бо ҳамсоягонаш пайванд кунад. Ин шабака ба як роҳи нави тиҷоратии байни Аврупо ва Осиё ва ҳамчунин масири муҳими икмоли нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон табдил хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG