Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳукумати бузургсолон". Кай навбати ҷавонон аст?


Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон дар заминаи ҷавонсозии аъзои ҳукумати ин кишвар аз баъзе ҳамсояҳояш ақиб мемонад.

Ба қавли онҳо, дар ҳоли ҳозир дар самти ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавон Қазоқистону Қирғизистон пешсаф буда, аксаран одамони синнашон ҷавон раҳбарии ниҳодҳои муҳимро дар даст доранд.

Вале бар пояи раддабандии ахири расонаҳои иттилоотӣ дар ҳукумати Тоҷикистон бештар "бузургсолон" боқӣ мондаанд, ки ба назари коршиносон, маҳз ҳамин боиси рушд накардани соҳаҳои мухталифи кишвар гардидааст.

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони иҷтимоии "Переспектива плюс", мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон дар самти ҷалби кадрҳои ҷавону ҳушманд дар ниҳодҳои мухталифи давлатӣ қафо мондааст. Зеро ба гуфтаи ӯ, "бо муҳоҷир шудани аксари ҷавонони кишвар чи қадар зеҳниятҳои ҷавонро, ки метавонистанд корҳои бузургеро анҷом диҳанд, ҳукумат аз даст дод."

Хонум Бобоназарова мегӯяд, "бинобар ин бояд ҳукумат аз ҳисоби он ҷавононе, ки дар ҳақиқат лоиқанд, ҳатман вазорату кумитаҳо ва ҳокимияти маҳаллиро пур кунад."

Cайфулло Сафаров
Cайфулло Сафаров
Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, тағйир хӯрдани равандҳои сиёсӣ дар Осиёи Миёна роҳбарияти кишварҳоро водор ба ҷавонсозии ҳукуматҳои худ кардааст. Зеро ба андешаи ӯ, аксар кишварҳои Осёии Миёна, ба монанди Қазоқистону Қирғизистон пас аз ба даст даровардани истиқлолияти худ, равиши ҷавонсозии элитаи сиёсиро аз сар нагузаронида буданд.

Ба таъкиди ҷаноби Сафаров, дар Тоҷикистон як марҳилаи ҷавонсозии элитаи сиёсӣ дар солҳои аввали истиқлолияти ин кишвар ба вуқӯъ пайваста буд, ки бо тақозои замон марҳилаи дуюми он ҳам расидааст. "Дар худи муассисаҳо низ чунин чунин андешаҳое ҳастанд, ки бояд ҷавононро бештар роҳ диҳем ва онҳоро бештар ба корҳои роҳбарикунанда пешниҳод кунем. Зеро насли кӯҳна камтар ба меъёрҳои замони нав посухгӯ ҳастанд",-гуфт муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегӣ.

Ин дар ҳолест, ки бархе дигар аз соҳибназарон мегӯянд, насли ҷавони тоҷик бо сабаби ҷанги дохилии солҳои навадуми қарни гузашта аз таълиму тадрис дур мондааст ва наметавонад ба осонӣ аз ӯҳдаи идора кардани сохторҳои гуногуни ҳукумат барояд.

Ойниҳол Бобоназарова
Ойниҳол Бобоназарова
Вале Ойниҳол Бобоназарова бо таъкид ба донишу маҳорати жарфи насли ҷавон мегӯяд, ҷавонони Тоҷикистон орӣ аз ҳама кинаву хусумат ҳастанд ва бо он диду нафаси тозае, ки доранд, метавонанд аз ӯҳдаи ҳама кор бароянд. Ба андешаи хонум Бобоназарова, дар ин маврид набояд дигар ҷанги бародаркуширо ба унвони баҳона пеш овард: "Давраи ҷангро бояд як тараф монем. Тасаввур кунед, ки аз он даврон чи қадар сол гузашт."

Дар ҳамин росто Мурод Раҳимов, хатмкардаи яке аз донишгоҳҳои Амрико мегӯяд, ҳоло барои вуруд дар идораҳои давлатӣ садҳои сунъӣ вуҷуд дорад ва ин намегузорад, ки кадрҳои ҷавону фаъол ба Тоҷикистон баргарданд. Зеро ба андешаи ҷаноби Раҳимов, дар ҳукумати Тоҷикистон бе пуштибон наметавон ҷои кори хубе пайдо кунӣ, ки ин метавонад, як навъ дилхунукиро дар замири ҷавонон нисбат ба ҳукумат пайдо кунад.

Бо ин вуҷуд, рӯшан нест, ки роҳбарияти Тоҷикистон кай барномаи ҷавонсозии элитаи сиёсиро аз ҳисоби ҷавонони воқеан ҳам донишманд рӯи даст мегирад.

Пешвоёни расмӣ ва ғайрирасмии ҷавонон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:43 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG