Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал Холид Шамим Вайне вориди Тоҷикистон шуд


Генерал Холид Шамим Вайне (аз тарафи рост якум)
Генерал Холид Шамим Вайне (аз тарафи рост якум)
Фармондеҳи ситоди муттаҳидаи нерӯҳи мусаллаҳи Покистон генерал Холид Шамим Вайне шоми имрӯз бо сафари серӯза вориди Тоҷикистон шуд.

Ба иттилоъи расмӣ, қарор аст, ки ӯ дар мулоқот бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва дигар раҳбарони ҳукумат масоили марбут ба ҳамкориҳои низомӣ, низомиву фанӣӣ, омодасозии кадрҳо барои артиши Тоҷикистон дар донишгоҳҳои низомии Покистонро баррасӣ кунад.

Генерали покистонӣ аз чанд қисми низомии артиши Тоҷикистон ҳам дидан хоҳад кард. Дар поёни ин боздид миёни вазораоҳт дифои Тоҷикистону Покистон чанд санади ҳамкорӣ имзо хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG