Пайвандҳои дастрасӣ

Исломобод амнияти калисоҳоро таъмин мекунад


Калисои насронӣ дар Пешовар

Калисои насронӣ дар Пешовар

Мақомоти Покистон дар арафаи Мавлуди Исои Масеҳ дар атрофи калисоҳои насронии кишвар дастаҳои иловагии полис ва мерганҳоро ҷойгир хоҳанд кард.

Наёб Ҳайдар, як сухангӯи идораи полис гуфт, ки барои таъмини амнияти калисоҳои насронӣ дуву ним ҳазор кормандони полис сафарбар шудаанд.

Насрониҳо тақрибан се дар сади аҳолии Покистонро ташкил медиҳанд ва асосан дар шаҳри Лоҳуру атрофи он ба сар мебаранд.

Ибодатгоҳҳои насронӣ дар рӯзҳои идҳои мазҳабӣ, аз ҷумла, Мавлуди Исои Масеҳ ҳадафи ҳамлаи гурӯҳҳои ифротгаро қарор мегиранд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG