Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Генерал Холид Шамим Вайне, раиси Ситоди муштараки артиши Покистон рӯзи чаҳоршанбе вориди Тоҷикистон шуд.

Мақомоти вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, қарор аст генерали покистонӣ бо вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев ва мақомоти дигари тоҷик дидору гуфтугӯ намояд.

Хабаргузориҳои Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар ҷараёни диду боздидҳояш аз Душанбе, генерал Холид Шамим Вайне вазъи имрӯза ва ҳам дурнамои ҳамкориҳои низомиву фаннӣ миёни ду кишварро баррасӣ карда, мавзӯи омодагии афсарони ҳарбиро барои артиши Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Покистон арзёбӣ мекунанд. Имзои баъзе санадҳои вобаста ба ҳамкориҳои дуҷониба низ дар назар аст.

Генерал Холид Шамим Вайне (аз тарафи рост якум)

Генерал Холид Шамим Вайне (аз тарафи рост якум)

Дар иттилоияи Вазорати дифоъ, ки дастраси матбуот шудааст, таъкид мешавад, ки сафари мазкур бо овозаҳо оид ба ин, ки гӯё дар Тоҷикистон нирӯҳои низомии Ҳинд қарор доранд, ҳеҷ иртиботе надорад, чун сафари генерали покистонӣ ҳанӯз дар оғози имсол ба нақша гирифта шуда буд. Котиби матбуотии вазорат дар сӯҳбат бо "Интер-Факс" гуфтааст, ки шоеаи баъзе нашрияҳои ҳиндӣ оид ба ин, ки гӯё дар 15-километрии Душанбе теъдоде аз нерӯҳо ва ҳам техникаи ҳарбии Ҳинд мустақар шудааст, аз воқеият дур аст.

Ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва Покистон, ки бино ба иттилои расмӣ ҳамагӣ ду соли пеш шурӯъ шудаанд, назар ба арзёбии таҳлилгарон ҳанӯз таърихчаи фарогире барои баррасӣ надоранд. Вале айни замон, бояд гуфт, ки бо назардошти вазъи сиёсиву низомии ҳарду кишвар ва талошҳои Ғарб барои ба ҳам овардани шарикони стратегиаш дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар пайи берун шудани нирӯҳои байналмилалӣ аз хоки Афғонистон дар соли 2014, дар оянда Душанбеву Исломобод метавонанд барои ҳамкорӣ баҳонаҳои зиёде дошта бошанд. Айни замон, бо назардошти таърихчаи равобити миёни Тоҷикистону Покистон, ба гуфтани таҳлилгарон, дар дидгоҳҳои ду кишвар ба масоили амниятиву сиёсии минтақа ихтилофҳо назар ба ҳадафҳои умумӣ бештар ба чамш мехӯранд. Дар ин бора сӯҳбате доштем бо таҳлилгари масоили Покистон дар радиои Озодӣ Абӯбакр Сиддиқӣ:

Сиддиқӣ: Баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон миёни ин ду давлат ҳамкории мустақими низомӣ мушоҳида нашудааст, пеш аз ҳама ба ин хотир, ки Тоҷикистон бо ин давлат марзи муштарак надораду дар робита бо Афғонистон, ин кишвар бештар пуштибони нерӯҳои Эътилофи Шимол будааст ва Покистон солҳои навадум аз Толибон пуштибонӣ кардааст. Бояд гуфт, ки рӯҳияи низомии ду кишвар комилан дигаргуна аст. Рӯҳияи низомии Покистон дар замони баъди аз султаи Бритониё ҷудо шудани ин миллат шакл гирифтааст. Силоҳу дигар муҳимоти низомии ин кишвар аз Ғарб ва кишварҳои узви НАТО омадааст. Бо фарқ аз Покистон, дар Тоҷикистон сохтори низомӣ бахши муҳими давлатро ташкил намедиҳад. Айни замон, ду кишвар баҳонаҳои қавие барои идомаи ҳамкориҳо дар оянда доранд. Таҳдиди тундгароҳо, ки аз манотиқи қабиланишини Покистон меоянд, рӯйдодҳои Афғонистон, ки ҳоло ба масоили авлавиятноки сиёсати хориҷии Покистон табдил шудааст, аз ҷумлаи онҳо аст. Албатта, мо ҳоло аз ин бештар роҷеъ ба ҳамкориҳои низомии ду кишвар ҳадс зада наметавонем, вале ман мӯътақидам, ки ин ҳамкориҳо бештар рамзӣ мешавад, чун ҳарду кишвар бахше аз як барномаи азими стратегии мубориза бо террор маҳсуб мешаванд.

Озодӣ: Воқеан ҳам, вақте ба равобити ду кишвар назар мекунед, мебинед, ки назар ба муштаракоте чанд, дар муносиботи ду кишвар нобовариҳое низ ҷой доранд. Агар аз сӯе, Тоҷикистон барои солҳои 1990-ум дасти ёрӣ дароз кардани Исломобод ба ҳазорҳо хонаводаҳои муҳоҷирони тоҷик аз Покистон миннатдор бошад, аз сӯи дигар, бахши бузурги ин муҳоҷирон ва фарзандони онҳо ба мактабҳои хатарноки террористӣ шомил шудаанд. Таҷриба ва ҳамин нигарониҳо буд, ки соли гузашта бо тарс аз хатари афзояндаи ақоиди тундгароии мазҳабӣ, Душанбе беш аз яку ним ҳазор ҷавонро аз мадрасаву донишгоҳҳои Покистон ба Тоҷикистон фаро хонд. Ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мегӯянд, ки Покистон ба ҷангиёни гурӯҳи террористии Ҳаракати Исломии Узбакистон паноҳгоҳ дода, дар хоки ин кишвар ин ҷангиёни зодаи Тоҷикистон ва дигар давлатҳои минтақа тарбия мешаванд. Яъне амалан, ин ду кишвар назар ба умумият, ихтилофи бештаре дар дидгоҳҳои низомии ҳам доранд ва сафари генерали покистонӣ бештар метавонад ба ҳайси идомаи старетигия тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Ғарб ва шарикони он дар минтақа арзёбӣ шавад.

Сиддиқӣ: Тоҷикистон ва Покистон ба таври ошкоро дар ҳолати низоъ нестанд ва ҳеҷ гоҳ набуданд, чун воқеан ҳам барои ин баҳонаҳои хеле нокофӣ доранд, ки дар ҳолати низоъ бо ҳам бошанд. Вале аз сӯи дигар, ин ду давлат аз нигоҳи сиёсӣ ҳам тафовутҳои зиёд дорад. Покистон ҳар чӣ бошад дар муқоиса бо Тоҷикистон як давлате бо низоми демократӣ аст, ки дар он интихоботҳои воқеӣ баргузор мешаванд. Манфиатҳои ин кишварҳо ҳам дар минтақа аз ҳам каме тафовут доранд. Дар ҳоле, ки барои Тоҷикистон ҳифзи равобити хуб бо Маскав хеле муҳим аст ва мехоҳад бо дигар бозигарони минтақа, аз ҷумла Ҳинд, ки дар бозсозии фурудгоҳи низомӣ кӯмакаш кардааст, иртиботи хуб дошта бошад. Ин кишвар дар сармогузории иқтисоди Тоҷикистон ҳам саҳм дорад. Вале бо назардошти воқеиятҳои имрӯза гӯем, Покистон мехоҳад дар минтақа нуфузи бештар дошта бошад. Дар гузашта агар ин нуфуз аз роҳи мудохила дар Афғонистон ва ҳам пуштибонии гурӯҳҳои исломӣ дар Тоҷикистон сурат гирифта бошад, ҳоло роҳҳои таъсиргузорӣ дигар мешаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG