Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳандагони эронӣ боз ним сол дар Ашраф боқӣ мемонанд


Намоиши эътирозӣ алайҳи эҳтимоли истирдоди паноҳандагони эронӣ ба ватанашон
Намоиши эътирозӣ алайҳи эҳтимоли истирдоди паноҳандагони эронӣ ба ватанашон
Нахуствазири Ироқ Нурӣ ал-Моликӣ бастани қароргоҳи Ашрафро, ки дар он тақрибан се ҳазор паноҳандагони эронӣ ба сар мебаранд, барои ним соли дигар мавқуф гузошт. Дар нишасти хабарӣ дар Бағдод ӯ гуфт, ки ин тасмим бо дархости Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, гирифта шудааст. Интизор мерафт, ки ин қароргоҳ 31 декабр баста шавад.

Дар қароргоҳи Ашрафи вилояти Диёла эрониёне мустақаранд, ки замони ҷанги Эрону Ироқ аз Ироқ пуштибонӣ мекарданд. Ҳукумати феълӣ мехоҳад, ки онҳоро ба дигар мавзеъ интиқол диҳад ва аммо шароити кӯчонидани паноҳандагон ҳанӯз бо СММ ҳамоҳанг нашудааст.
XS
SM
MD
LG