Пайвандҳои дастрасӣ

Мардуми Кореяи Шимолӣ бо Ким Чен Ир видоъ мекунанд


Беш аз панҷ миллион шаҳрвандони Кореяи шимолӣ бо раҳбари пешини кишвар Ким Чен Ир видоъ карданд. Дар ин бора Пхенян расман хабар дод. Як рӯз пеш тобути шишагин бо ҷасади Ким Чен Ир дар мақбарае гузошта шуд, ки он ҷо падараш Ким Ир Сен макони охират пайдо кардааст.

Номи раҳбари нави Кореяи Шимолӣ ҳанӯз эълон нашудааст ва аммо нозирон шубҳае надоранд, ки ин мақомро Ким Чен Ин, писари хурдии Ким Чен Ир, ишғол хоҳад кард. Расонаҳои кишвар аз ӯ аллакай чун аз “раҳбари бузурги ҳизб, артиш ва мардум” ном мебаранд.

Дар Кореяи Шимолӣ маросими мотам бино ба даргузашти Ким Чен Ир 11 рӯз идома хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG