Пайвандҳои дастрасӣ

Сафири Қазоқистон дар Иёлоти Муттаҳида гуфт, аммо бояд исбот шавад, ки навори нашршуда дар Ютюб ҳақиқист.

Эрлан Идрисов, ки дар нишасти хабарӣ дар Вашингтон ба пурсиши Радиои Озодӣ дар бораи ин навор посух медод, гуфт, ҳукуматаш воқеияти видеоро таҳқиқ мекунад.

Вай афзуд: "Ин тасвирҳои видеоӣ, албатта, такондиҳандаанд. Ман дар ин бора ягон чизи мушаххас гуфта наметавонам – чӣ гуна ин иттифоқ афтод, кӣ ин видеоро ба навор гирифт ва ғайра ва ҳоказо. Ин мавзӯи баҳси коршиносон аст. Воқеа рӯзи 16-ум ба вуқӯъ пайваст ва ин видео аз рӯзи 21-ум аст. Аммо як чиз мусаллам аст, ки ҳукумат дар сатҳи хеле баландаш аз ин пӯшиш огоҳ аст ва итминон додааст, ки ин ва фактҳои монанди ин мӯшикофона тафтиш хоҳанд шуд.”

Сафир Идрисов гуфт, агар ҳақиқати ин видео исбот шавад, масъулони тирандозӣ муҷозот хоҳанд шуд.

Видеое, ки сафир онро "такондиҳанда" номид, зоҳиран аз тарафи сокинони манзилҳои баландошёна дар маркази шаҳри Жанаозен наворбардорӣ шудаанд.

Дар Жанаозен, шаҳри воқеъ дар ҷанубу ғарби Қазоқистон, рӯзи ҷумъаи 16 декабр миёни кормандони ширкати нафт ва пулису хадамоти амниятӣ бархӯрд ба вуқӯъ пайваст.

Додситонии кулли Қазоқистон гуфт, ки дар ин ҳодиса 14 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 80 нафар, аз ҷумла, 6 корманди пулис ҷароҳат бардоштаанд. Аммо шабакаҳои иҷтимоии интернет менависанд, ки теъдоди қурбониён назар ба арқоми расмӣ хеле бештар аст. Бархе аз торнамоҳо дар бораи садҳо куштаву маҷрӯҳ дар Жанаозен хабар доданд.

Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон дар бораи ҷорӣ кардани вазъи фавқулода дар ин шаҳр амр содир намуд. Бар пояи ин амр, ҳама гуна ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо дар Жанаозен манъ ва ҳаракати нақлиёт дар шаҳр масдуд шуд.

Раисиҷумҳури Қазоқистон дар нишасти Шӯрои амнияти кишвараш изҳор намуд, ки ҳама муҷримони бенизомиҳо дар шаҳри Жанаозен муҷозот хоҳанд шуд. “Мо инро фаромӯш намекунем. Гурӯҳи вижа таҳти раҳбарии Додситонии кул ташкил шудааст, ки ҳаводисро мӯшикофона таҳқиқ мекунад ва ҳуввияти афроди қонуншиканро мушаххас месозад. Гурӯҳ ошкор ва ба таври ҳамешагӣ фаъолият мекунад ва дар сурати зарурат барои ҳамкорӣ мутахассисони хориҷиро ҷалб хоҳад кард”,-гуфт раисиҷумҳури Қазоқистон.

Дар шаҳри Алматӣ ва Оқтоу ҳазорон нафар ба ҷонибдорӣ аз сокинони Жанаозен ба хиёбонҳо баромада, аз мақомот тақозо карданд, ки нерӯҳои низомиро аз ин шаҳр хориҷ бикунанд.

Навори зер: Саҳнаи даргирии пулис бо тазоҳургарон дар Жанаозен, 16 декабри соли 2011

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG