Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раиси нави Думаи давлатӣ. Наришкин ба ҷои Гризлов


Сергей Наришкин, раиси тозаинтихоби Думаи давлатии Русия

Сергей Наришкин, раиси тозаинтихоби Думаи давлатии Русия

Сергей Наришкин, раҳбари пешини дафтари раисиҷумҳури Русия, раиси Думаи давлатӣ интихоб шуд.

Аз номзадии ӯ 238 вакили тозаинтихоби Думаи давлатӣ пуштибонӣ карданд. Номзадии Наришкин ба ин мақом аз сӯи ҳизби ҳокими “Русияи воҳид”, маъруф ба "ҳизби Путину Медведев" пешбарӣ шуда буд, ки дар Думаи давлатӣ ҳамин теъдод, яъне 238 вакил дорад.

Иван Мелников, вакил аз Ҳизби коммунист ва Александр Жуков, вакили ҳизби “Русияи воҳид” муовинони раиси Думаи давлатӣ интихоб шуданд.

Вакилони ҳайати нави Думаи давлатии Русия имрӯз (21 декабр) дар нахустин нишасти худ ҷамъ омаданд. Таври маъмул, ҷаласаро вакили кӯҳансолтарин – намояндаи ҳизби “Русияи воҳид” ва котиби пешини Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Долгих ифтитоҳ кард.

Рӯзи чаҳоршанбе дар канори бинои Думаи давлатӣ беш аз 20 нафаре боздошт шуданд, ки мехостанд алайҳи тақаллуб дар интихоботи порлумонӣ дар Русия намоиши эътирозӣ доир кунанд. Фаъолони ҷунбиши “Русияи дигар” ба вакилони Дума супурдани мандатҳои депутатиро пешниҳод карданӣ буданд.

Онҳо натоиҷи интихоботро тақаллубӣ ва худи Думаи давлатиро ғайриқонунӣ эълон карданд. Аммо кормандони пулис ва ОМОН аз баргузории намоиши эътирозӣ ҷилавгирӣ карданд.

Интихоботи порлумонии рӯзи чаҳоруми декабр дар Русия бо мухолифатҳои шадида гурӯҳи бузурги сокинони ин кишвар рӯ ба рӯ шуд. Аксарият ба нишони эътироз ба майдонҳо баромада, лағви натиҷаи ин интихоботро талаб карданд.

Аз ҷумла, рӯзи 10 декабр дар шаҳри Маскав ҳазорон нафар тазоҳуркунандагон дар майдони Болотная гирдиҳам омаданд. Пулиси Маскав гуфт, ки дар Болотная ҳудудан 15 ҳазор нафар ҷонибдорони мухолифон гириҳам омада буданд, вале бино ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ теъдоди тазоҳуркунандагон ба 40 ҳазор нафар мерасид.

Дар Русия бисёриҳо бовар доранд, ки норизоятии мардум танҳо аз натиҷаҳои нодурусти интихобот нест, балки мардум аз ришвахорӣ ва аз ҳукумати 12-солаи Путин розӣ нестанд, шахсе ки бори дигар талош дорад дубора ба курсии раёсати ҷумҳурӣ такя бизанад.
XS
SM
MD
LG