Пайвандҳои дастрасӣ

Сергей Наришкин раиси Думаи давлатӣ интихоб шуд


Сергей Наришкин, раиси нави Думаи давлатии Русия

Сергей Наришкин, раиси нави Думаи давлатии Русия

Сергей Наришкин, раиси пешини дафтари раисиҷумҳури Русия, дар нишасти нахустини Думаи давлатӣ раиси палатаи поёни парлумони Русия интихоб шуд. Аз номзадии ӯ 238 вакил пуштибонӣ карданд.Номзадии Наришкин ба ин мақом аз сӯи ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” пешбарӣ шуда буд, ки дар Думаи давлатӣ ҳамин теъдод, яъне 238 вакил дорад.

Иван Мелников, вакил аз Ҳизби коммунист ва Александр Жуков, вакили ҳизби “Русияи воҳид” муовинони раиси Думаи давлатӣ интихоб шуданд.

Вакилони ҳайати нави Думаи давлатии Русия имрӯз дар нахустин нишасти худ ҷамъ омаданд. Таври маъмул, ҷаласаро вакили кӯҳансолтарин – намояндаи ҳизби “Русияи воҳид” ва собиқ котиби Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ Владимир Долгих ифтитоҳ кард.

Имрӯз дар канори бинои Думаи давлатӣ, беш аз 20 нафаре боздошт шуданд, ки мехостанд алайҳи тақаллуб дар интихоботи парлумонӣ намоиши эътирозӣ доир кунанд. Фаъолони ҷунбиши “Русияи дигар” ба вакилони Дума супурдани мандатҳои депутатиро пешниҳод карданӣ буданд. Онҳо натоиҷи интихоботро тақаллубӣ ва худи Думаи давлатиро ғайриқонунӣ эълон карданд. Кормандони полис ва ОМОН аз баргузории намоиши эътирозӣ ҷилавгирӣ карданд.
XS
SM
MD
LG