Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати даҳҳо нафар дар Идлиби Сурия


Дар вилояти Идлиб, воқеъ дар шимоли Сурия, рӯзи сешанбе даҳҳо нафар аз тири нерӯҳои амниятӣ кушта шуданд. Ба иттилои гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи башари Сурия, ки дар Бритониё мустақар аст, онҳо ному насаби дасти кам 56 нафар аз кушташудагонро дар ихтиёр доранд. Ва аммо ҳадс зада мешавад, ки теъдоди қурбониёни амалиёт бештар аст. Яке аз шоҳидони амалиёти нерӯҳои амниятӣ гуфт, ки ба бемористонҳо беш аз 120 ҷасад оварда шудааст.

Қарор аст, ки рӯзи панҷшанбе дар Сурия ҳайати нозирони байнулмилалӣ аз Лигаи кишварҳои араб ба кор шурӯъ кунад. Ҳайат дар чаҳорчӯби тарҳи Лига барои қатъи хунрезӣ дар кишвар фаъолият мекунад. Шоҳзода Сауд ал-Файсал, вазири умури хориҷии Арабистони саудӣ, гуфт, ки "Сурия бояд бо шартҳои тарҳи Лигаи кишварҳои араб, ки берун кардани низомиён аз маҳаллаҳои зист, раҳоии маҳбусон ва гуфтугӯ бо фаъолони мухолифинро дар назар дорад, розӣ шавад. Агар ниятҳои Димишқ поканд, пас ин гомҳо бояд фавран бардошта шаванд".

Ба иттилои СММ, аз моҳи март ба ин сӯ бар асари саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Башор Асад дасти кам 5 ҳазор суриягиҳо кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG