Пайвандҳои дастрасӣ

50 парванда оид ба қонуншиканиҳо дар интихоботи Дума


Дар робита ба қонуншиканиҳо дар маъракаи интихоботии Думаи давлатии Русия беш аз 50 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар гузориши муштараки вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи тафтишоти Русия, ки имрӯз ба раисиҷумҳур Дмитрий Медведев пешниҳод гардид, гуфта шудааст, ки аз ҳама бештар - 462 қонуншиканӣ дар шаҳри Маскав рӯй додааст. Ин қонуншиканиҳо ҳангоми тарғиботи пешазинтихоботӣ сабт шудаанд.

Кумитаи тафтишоти Русия аризаҳои расида оид ба тақуллуби натоиҷи интихобот, ба қуттиҳо андохтани баргаҳои райъи изофӣ ва фишор ба хотири раъйдиҳӣ ба ин ё он ҳизби сиёсиро месанҷад. Мухолифини ҳукумати Русия эътирозҳо алайҳи тақаллубу қонуншиканӣ дар интихоботи парлумонии рӯзи 4 декабрро идома медиҳанд. Қарор аст, ки ҳамоиши пуриздиҳоми навбатӣ рӯзи 24 декабр баргузор шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG