Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти эътирозгарон дар канори Думаи давлатии Русия


Дар Маскав, дар канори бинои Думаи давлатӣ, беш аз 20 нафаре боздошт шуданд, ки мехостанд алайҳи тақаллуб дар интихоботи парлумонӣ намоиши эътирозӣ доир кунанд.

Фаъолони ҷунбиши “Русияи дигар” ба вакилони Дума супурдани мандатҳои депутатиро пешниҳод карданӣ буданд. Онҳо натоиҷи интихоботро тақаллубӣ ва худи Думаи давлатиро ғайриқонунӣ эълон карданд.

Кормандони полис ва ОМОН аз баргузории намоиши эътирозӣ ҷилавгирӣ карданд.

Имрӯз ҳайати нави Думаи давлатии Русия нахустин нишасти худро доир мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG