Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобут бо ҷасади Ҳавел ба кохи Пражский Ҳрад интиқол ёфт


Имрӯз ҳазорон сокинони Прага тобут бо ҷасади раисиҷумҳури пешини Ҷумҳурии Чех Ватслав Ҳавелро то кохи Пражский Ҳрад гусел карданд. Рӯзи чаҳоршанбе дар Чехия мотами серӯза ба ёди Ватслав Ҳавел шурӯъ шуд.

Ҳавел рӯзи якшанбе дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт. Васлав Ҳавел, пешвои “Инқилоби махмалин”-и соли 1989 буд, ки ба низоми коммунистӣ дар Чехословакияи собиқ хотима дод ва баъдан нахустин президенти Чехословакияи демократӣ ва Ҷумҳурии Чех буд.

Ватслав Клаус,раиси ҷумҳури феълӣ, Ҳавелро “рамзи Чехияи муосир” хонд.

Маросими дафни раҳбари пешини Чехия рӯзи ҷумъа баргузор мешавад. Дар ин маросим раҳбарону мансабдорони воломақоми кишварҳои зиёд, аз ҷумла, вазири умури хориҷии ИМА Ҳилларӣ Клинтон, ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG