Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарлхэм ба 32 соли маҳбас маҳкум шуд


Дар вилояти Вошингтони Амрико низомии собиқ Кэвин Ҳарлхэм барои талоши ташкили инфиҷор дар раҳпаймоии ёдбуди Мартин Лютер Кинг ба 32 соли маҳбас маҳкум шуд.

Борхалта бо маводи таркандаро рӯзи 17 январи соли равон тасодуфан се коргар ошкор намуда ба полис хабар доданд. Ҳарлхэм аз сӯи кормандони ФБР моҳи март боздошт карданд ва моҳи сентябр ӯ дар талоши куштори оммавӣ дар пояи адовати қавмӣ айбдор шуд.

Додситони шаҳри Спокан барои Кэвин Ҳарлхэм сангинтарин муҷозот барои ин гуна ҷиноётро раво дид.
XS
SM
MD
LG