Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тураҷонзода ба додгоҳ шикоят бурд


Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода алайҳи раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бурдааст.

Ҷаноби Тураҷонзода раҳбари Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзодаро барои тӯҳмат ва паст задани шаъну шарафи Тӯраҷонзодаҳо муттаҳам медонад.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 6-уми декабр дар баёнияе, ки онро хабаргузории давлатии “Ховар” ба нашр расонд, аз баргузории маросими азодории “Ошӯро” дар масҷиди “Муҳаммадия” ва нақши хонадони Тӯраҷонзодаҳо дар ин иқдом шадидан интиқод кард ва ин хонадонро ба "тағйири мазҳаб" муттаҳам намуд.

Аммо ҷаноби Тӯраҷонзода ин даъвои Шӯрои уламоро рад кард ва гуфт, ёдбуди қатли набераи паёмбари ислом дар масҷиди "Муҳаммадия" даҳ сол ба ин сӯ идома дорад ва онро наметавон маросими "Ошӯро" номид. Ӯ гуфт, изҳороте, ки аз номи Шӯрои уламо пахш шудааст бо аъзои он ҳамоҳанг нагашта ва аз тарафи онҳо пуштибонӣ наёфтааст.

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон дар гуфтугӯ ба "Озодӣ", ҳадаф аз пахши баёния ва рафтан ба масҷиди Тӯраҷонзодаҳоро на бештар кардани ихтилоф, балки ҷилавгирӣ аз тафриқандозӣ миёни мусулмонони кишвар унвон карда буд. Ҷаноби Абдулқодирзода гуфт, онҳо ният доштанд намози ҷумъаро дар фазои ором бо Тӯраҷонзодаҳо бихонанд, аммо аз сабаби сард пешвоз гирифтани меҳмонон ва ҳаёҳӯи ҷавонон ва ба хотири ноором нашудани фазои масҷид онҳо маҷбур шудаанд, ки намозро дар ҷои дигар бигузоранд.

Ҳамзамон Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи хонаводаи Тураҷонзодаҳо гуфтааст, рӯзи сешанбеи 20-уми декабр шикоят алайҳи раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов, раиси шаҳри Ваҳдат Анвар Вайсиддинов ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзодаро ба Додситонии кулли Тоҷикистон ва додситонии ноҳияи Ваҳдат супурданд.

Ин даъвои хонадони Тураҷонзода дар ҳолест, ки ба дунболи “сард” пешвоз гирифтани мақомоти давлатӣ дар масҷиди “Муҳаммадия”, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов ва раиси ноҳияи Ваҳдат Анвар Вайсиддинов алайҳи бародарон Тураҷонзодаҳо ба додситонии ноҳияи Ваҳдат шикоят бурда буданд. Ва то кунун Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва бародари аршади ӯ Эшони Нуриддин ба додситонӣ эҳзор шуда ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин нӯҳ намозгузори масҷиди ҷомеи «Муҳаммадия»-и ноҳияи Ваҳдат барои 10 рӯз боздошт шудаанд. Додситони шаҳри Ваҳдат онҳоро ба нақзи қонун айбдор медонад. Гуфта мешавад, ин афрод рӯзи ҷумъаи 9-уми декабр ҳангоми боздиди намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, Кумитаи дин ва Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз ин масҷид, бо рафтор ва нидоҳои худ ба “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” роҳ додаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG