Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози се рӯзи мотами миллии чехҳо барои Ватслав Ҳавел


Имрӯз дар Ҷумҳурии Чех мотами серӯза дар робита ба даргузашти раисиҷумҳури пешини ин кишвар Ватслав Ҳавел оғоз мешавад. Ҳавел рӯзи якшанбе дар синни 75-солагӣ фавтид. Драмнавис ва дигарандеш Ҳавел, раҳбари «Инқилоби махмалӣ»-и соли 1989-и Чехословакияи собиқ буд, ба даҳсолаҳои коммунистии ин кишварро хотима бахшид. Сарони ҷаҳон андӯҳи худро аз даргузашти Ҳавел баён медоранд ва ӯро чеҳраи таърихии садаи бист меноманд. Расми давлатии дафни Ҳавел рӯзи ҷумъа баргузор шуда, интизор меравад, бисёре аз сарони ҷаҳон, аз ҷумла вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҳилларӣ Клинтон дар он ширкат кунанд.
XS
SM
MD
LG