Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони маҳдудияти СПАД дар таъсиси пойгоҳҳои хориҷӣ


Дар нишасти дигар дар Маскав, дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ тасмим гирифта шуд, ки таъсиси пойгоҳҳои низомии хориҷӣ дар қаламрави кишварҳои узв танҳо бо ризоияти умумии онҳо имконпазир гардад. Раисиҷумҳури Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев дар поёни ин нишаст гуфт:

«Ман фикр мекунам, як тасмими хеле муҳим имрӯз ин тавофуқи куллии ҳамаи сардорони давлатҳо буд, ки ҷойгир кардани иншооти зербиноии ҳарбии кишварҳое, ки узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ нестанд, танҳо замоне мумкин хоҳад шуд, ки ризоияти ҳатмии ҳамаи кишварҳои ҳампаймони узви созмон гирифта шавад.»

Дар нишаст зикр гардид, ки ин қарордод танҳо ба оянда рабт хоҳад дошт. Дар ҳоли ҳозир ягона иншооти ҳарбии хориҷӣ дар фурудгоҳи Манаси Қирғизистон мавҷуд аст.
XS
SM
MD
LG