Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Украина бо занони тавҳиншудаи ФЕМЕН вохӯрданд


Намояндагони сафорати Украина дар Беларус бо се фаъоли зан, ки аз тарафи маъмурони амниятии Беларус таҳдид ва тавҳин шудаанд, мулоқот карданд. Ин занон, ки узви гурӯҳи ФЕМЕН мебошанд, 19-уми декабр дар тазоҳуроти зидди раисиҷумҳури Беларус бо намоиши тани худ ширкат кардаанд. ФЕМЕН мегӯяд, маъмурони амниятии Беларус ҳарсеро боздошт карданд ва ба ҷангале дар минтақаи Ҳомел интиқол дода, дар он ҷо бо онҳо тавҳин ва бадрафторӣ кардаанд. Мақомоти Беларус аз шарҳи моҷаро худдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG