Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хушбурути Покистон" аз махфигоҳаш баромад


Амир Муҳаммади Афридӣ
Амир Муҳаммади Афридӣ

Ду сол пас аз он ки тундравони исломӣ бурути машҳури соҳибкори покистониро маҷбуран қайчӣ заданд, ӯ онҳоро аз нав “сабзонд”.

Бурути қариб дуваҷабии соҳибкор Амир Муҳаммади Афридӣ солҳо пеш дар саросари Покистон машҳур буд. Ин мӯйи лабро, ки ба ду тараф қад кашида, нугҳояш ба боло ҳамоил гашта буд, ӯро дар чашми одамон гоҳ ба қаҳрамони филмҳои кӯҳнаи амрикоӣ ва гоҳ рассоми ихтироъкор Салвадор Далӣ монанд менамуд. Бархе ҳам ин бурутро “рули велосипед” лақаб гузошта буданд.
Ба ҳар сурат бурути Амир ҷалби диққат мекард ва тамошобоб буд. Баъзеҳо ба он бо ҳайрат менигаристанд ва бархи дигар бо ҳавас, аммо ду сол пеш гурӯҳе аз исломгароёни зодгоҳаш – шаҳраки Бараи минтақаи қабилашинини Хайбар бурути Афридиро “ғайриисломӣ” эълон карданд.

Вай ба ин ҳарф эътино накард, аммо як рӯзи тобистони соли 2008 аъзои “Лашкари Ислом” ба хонаи Афридӣ ҳамла карданд ва ӯро ба идораи маҳаллӣ бурда, зӯран буруташро кӯтоҳ карданд.

Афридӣ он иттифоқро яке аз талхтарин рӯзҳои умри худ медонад. Вай мегӯяд: “Ин кор ҳамаи мардуми минтақаи моро нороҳат кард. Бисёриҳо ба ман занг мезаданд ва изҳори ҳамдардӣ мекарданд. Онҳо ошуфта буданд, зеро ман дар ҳаётам касеро озор надодаам. Бурути ман ба касе зарар нарасонда буд. Ин як сабки хоси ман буд. Ин ифтихори ҳамқабилаҳои афридии ман буд, зеро ҳеҷ касе дар саросари Покистон чунин буруте надошт.”

Баъд аз он воқеа Афридӣ ором ба Пешовар кӯчид ва бе сарусадо тиҷорати дасгоҳҳои электрониро ба роҳ монд. Ҳамзамон бо истифода аз равғани бодому чарбиҳои хориҷӣ ба парвариши мӯйлабаш пардохт: “Ман дилсард нашудам ва бурутамро аз нав сабзондам. Ин як тасмими дарднок буд, зеро аз як тараф ман зодгоҳам Бараро хеле дӯст медорам, аммо шавқи ман ба бурутам маро маҷбур мекунад, ки дар Пешовар зиндагӣ кунам. Акнун, бино бар ин ман наметавонам ба зодгоҳам баргардам.”

Афридӣ замоне ба сабзонидану нигоҳубини буруташ сар кард, ки мусоҳибаи сиёсатмадори ҳоло фавтидаи покистонӣ Малик Амир Муҳаммад Хонро тамошо кард. Афридӣ аз бурутҳои ӯ ба ваҷд омад ва тасмим гирифт, мӯйлаб сабзонад.

Бурути Малик низ машҳур буд ва ҳукумати маҳаллӣ ҳар моҳ барои нигоҳубини ин “дороии шаҳр” 60 доллар нафақа медод. Аммо ин дар давраҳое буд, ки ҳанӯз тундгароён ба таблиғи дидгоҳҳои сахти динӣ напардохта буданд. Аз оғози даргирии чанд гурӯҳи тундрави суннӣ дар соли 2004 дар вилояти Хайбар садҳо нафар кушта шуданд.

“Лашкари ислом” дар байни ин гурӯҳҳо яке аз созмонҳои қавитарин ба шумор меравад ва солҳост, зиндагии мардуми Бараро зери назорат дорад. Онҳо афродеро, ки аз нигоҳашон тибқи шариати исломӣ зиндагӣ намекунанд, шадидан ҷазо медиҳанд ва таҳқир мекунанд.

Шояд бамаврид аст, гуфта шавад, ки як соҳиби дигари бурути зебо солҳо пеш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекард. Вай нозири роҳ ва зеби кӯчаву хиёбонҳои Душанбе буд. Бурути дароз, қонунсолорӣ ва инсонгарии Мулло Нуров мояи ифтихори сокинони Душанбе буд. Маълум нест, аз дасти кӣ, аммо Мулло Нуров дар моҳи декабри соли 1992 дар шоҳроҳи Ҳисор-Душанбе ба қатл расид. Қотилони ӯ эътиное накарданд, ки Нуров бо бурути худ кайҳо ба рамзи Душанбе табдил ёфтааст ва сарвати ин шаҳр ба шумор меравад. Онҳое, ки навори видеоии моро дар Фейсбук диданд, бо ҳамовозии наҷибе пешниҳод кардаанд, ки ҳайкали ин марди нек дар маркази Душанбе гузошта шавад.

Мулло Нуров – рамзи Душанбеи осуда
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:05 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG