Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тасвиби қарордоди ИДМ дар бобати нозирони интихоботӣ


Сарони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ дар Маскав як силсила аснодро ба имзо расонданд, ки яке аз онҳо ба нақши нозирони интихоботии ин иттиҳод рабт мегирад. Дар изҳороти Кремл гуфта мешавад, қарордоди нав нақши нозирони кишварҳои ҳамсудро дар интихоботҳои президентӣ ва порлумонӣ афзоиш хоҳад дод. Раиси кумитаи иҷроии Иттиҳоди давлатҳои муштараклманофеъ Сергей Лебедев гуфт, «мо рӯйдодҳои интихоботиро аз нигоҳи як дӯст мебинем, дар ҳоле ки ҳадафи асосии ҳамкасбони ғарбии мо ёфтани камбудиҳост, ки дар рафти раъйдиҳӣ гуфта намешаванд ва баъд аз он эълон мегарданд.
XS
SM
MD
LG