Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мумтозтарин кишвари муҳтоҷ ба пули муҳоҷирон аст


Тоҷикистон дар зинаи аввали 10 кишвари муҳтоҷ ба маблағҳои муҳоҷирони корӣ қарор гирифтааст. Дар ин бора Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши нави худ хабар додааст. Бино ба пешгӯии ин бонк, то поёни соли ҷорӣ маблағҳои фиристодаи муҳоҷирони кории тоҷик 2,7 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Коршиносон гуфтаанд, маблағҳои муҳоҷирон ба 40 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистон баробар мешавад. Соли гузашта муҳоҷирон ба ватан 2,3 миллиард доллар фиристоданд, ки он 31 дарсади даромади нохолиси миллиро ташкил кард. Баъд аз Тоҷикистон дар миёни даҳ кишвари муҳтоҷ ба маблағи муҳоҷирони корӣ Лесото, Самоа, Молдова, Қирғизистон, Непал, Тонго ва амсоли он меоянд.
XS
SM
MD
LG