Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишварҳои севвум ҳақ доранд дар хоки СПАД пойгоҳ гузоранд?


Дар қаламрави кишварҳои узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ кишварҳои дигар ҳақ надоранд пойгоҳҳои худро мустақар кунанд. Нурсултон Назарбоев-раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфт, агар кишварҳрои дигар бихоҳанд дар қаламрави яке аз кишварҳои узв пойгоҳи худро мустақар кунанд, онҳо бояд ризояти расмии кишварҳои дигари узвро низ бигиранд. Ҳоло пойгоҳи ҳавоии Амрико дар фурудгоҳи Манаси Қирғизистон мустақар аст. Арманистон, Белоруссия, Казоқистон, Қирғизистону Русия ва Тоҷикистону Узбакистон узви созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ мебошанд.
XS
SM
MD
LG