Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндагиномаи Муродалӣ Солеҳов


Муродалӣ Солеҳов соли 1950 дар ноҳияи Мӯъминободи Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи омӯзишгоҳи № 45 ноҳияи Ваҳдат дар соли 1968 ва Академияи меҳнати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1985 мебошад.

Хидмати низомиро дар қисми тонкии Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Белорусия адо кардааст. Пас аз ин 25 сол дар комбинати хонасозии шаҳри Душанбе аз мутахассиси оддӣ то бригадири калон фаъолият дошт. Ду маротиба намояндаи мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон буд.

Аз соли 1987 то ба имрӯз сарварии дар оғоз Иттифоқи касабаи Тоҷикистон ва ҳоло Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад. Соҳиби ду фарзанд.
XS
SM
MD
LG