Пайвандҳои дастрасӣ

Сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон пас аз ду бозии мавқуфгузошта ба анҷом мерасад.

Рӯзҳои 22-юм ва 24-уми декабр дар пойтахти кишвар, дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, ду бозии охирини мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон (даврҳои 40-ум ва 29-ум) миёни дастаҳои лигаи олӣ - “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки “Истиқлол” сарфи назар аз натоиҷи ин бозиҳо пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон даст ёфтааст ва дуюмин бор бо медалҳои тиллои мусобиқот мукофотонида хоҳад шуд.

Шавкат Аҳмадов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба “Озодӣ” гуфт, “рӯзи 19-уми декабр мебоист дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе бозии мавқуфгузоштаи даври 25-уми мусобиқот миёни дублёрҳо ё ҳайатҳои захиравии “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” баргузор мешуд, вале футболбозони ҷавони шаҳри Турсунзода ба ин бозӣ ҳозир нашуданд. Бар асоси дастури мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон барои ширкат накардани ҳайати захиравӣ дар бозии тақвимӣ ҳам дублёрҳо ва ҳам ҳайати асосии “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби фаннии 0:3 мағлуб ҳисобида шуданд. Ҳайатҳои захиравӣ ва асосии “Истиқлол” сеимтиёзӣ гирифтанд. Дар воқеъ, мусобиқаи ҳайатҳои захиравии лигаи олӣ бо пирӯзии футболбозони ҷавони “Энергетик”-и Душанбе, ки 92 имтиёз ба даст оварданд, ба анҷом расид. Дублёрҳои “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо 91 имтиёз ҷои дуюм ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ҷои сеюмро касб карданд.”

Ҳамин тариқ, “Регар-ТадАЗ” бозиҳояшро ба охир расонд ва дар ҳамин ҳол бо 95 имтиёз дар ҷои дуюм қарор дорад. “Равшан”, ки бо 89 имтиёз сеюм аст, боз ду бозӣ анҷом хоҳад дод.

Бояд тазаккур дод, ки “Равшан” танҳо дар мавриди пирӯзӣ дар ҳарду бозӣ бар “Истиқлол” имкони ба даст овардани медалҳои нуқраро пайдо мекунад. Зеро он вақт холҳояш бо “Регар-ТадАЗ” баробар мешавад ва аз рӯи шумораи умумии ғалаба аз рақибаш пеш мегузарад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқот Юсуф Рабиев (“Истиқлол”) бо 32 гол дар ҷои аввал мебошад. Фарҳод Тоҳиров (“Истиқлол”) бо 27 гол дар ҷои дуюм аст. Комил Саидов (ССКА “Помир”) бо 21 гол дар ҷои сеюм қарор дорад.
Инчунин Нӯъмонҷон Ҳакимов (“Регар-ТадАЗ”) ва Фозил Сатторов (“Равшан”) 20-голӣ, Габриэл Донто (”Энергетик”) 19 гол ва Мансур Ҳакимов (“Парвоз”) 17 гол задаанд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот:

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

"Истиқлол"

38

33

3

2

123-16

102

2.

"Регар-ТадАЗ"

40

30

5

5

108-29

95

3.

"Равшан"

38

29

2

7

78-31

89

4.

"Энергетик”

40

21

3

16

78-64

66

5.

"Хайр"

40

17

3

20

61-59

54

6.

ССКА "Помир"

40

16

4

20

65-69

52

7.

"Хуҷанд"

40

15

6

19

56-72

51

8.

"Вахш"

40

15

5

20

43-51

50

9.

"Парвоз"

40

12

4

24

45-76

40

10.

"Шодмон"

40

7

2

31

44-115

23

11.

"Гвардия"

40

3

3

34

32-151

12


Бозиҳои боқимондаи мусобиқот:

Даври 40-ум. 22 декабр (панҷшанбе)
«Равшан» - «Истиқлол»

Даври 29-ум. 24 декабр (шанбе)
«Истиқлол» - «Равшан»

Оғози бозиҳо – соати 13.00

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG