Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили Немтсов сабти сӯҳбатҳоро нақзи ҳуқуқ номид


Вадим Прохоров
Вадим Прохоров
Борис Немтсов-раҳбари мухолифони Русия Кохи Кремлро дар интишори гуфтугӯҳои телефонии вай муттаҳам кард. Вай дар ин гуфтугӯҳо фаъолони ҷонибдори худро таҳқир кардааст. Вадим Прохоров-вакили мудофеи Немтсов дар бораи сабти ин сӯҳбатҳои телефонӣ гуфт:

“Албатта, чунин амалҳо хеле возеҳ аз вазъи мавҷуда дар кишвари мо гувоҳӣ медиҳад, ки метавон ба гуфтугӯи ҳар кас гӯш дод”.

Рӯзи душанбе як сафҳаи интернетии наздик ба ҳукумат сабти гуфтугӯҳои телефонии Немтсовро нашр кард, ки дар ин гуфтугӯҳо вай дар бораи ҷонибдорони мухолифон ва дар бораи раҳбарони мухолифон ҳарфҳои таҳқиромез задааст. Немтсов барои баъзе аз ин ҳарфҳояш узр хостааст.
XS
SM
MD
LG