Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сунниҳо аз бартарии шиаҳо дар ҳукумат розӣ нестанд


Ҳукумати Ироқ, ки раҳбарии онро шиаҳо бар ӯҳда доранд, дастури боздошти Тариқ ал Ҳошимӣ-муовини раиси ҷумҳури ин кишварро содир кард. Ин болотарин мақоми пайравони суннӣ дар Ироқ аст ва ва ба терроризм муттаҳам мешавад. Одил Даҳом-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Ироқ рӯзи душанбе аз тариқи телевизиони давлатӣ гуфт, эътирофоте ба даст омадааст, ки Ҳошимӣ бо терроризм иртибот дорад. Ҳошимӣ яке аз раҳбарони гурӯҳи дунявии Ироқия аст, ки сунимазҳабони Ироқ аз он ҳимоят мекунанд. Иёд Алавӣ-нахуствазири пешини Ироқ ва раҳбари Ироқия рӯзи душанбе дар Аммон гуфт, вай ҳарос дорад, ки ҷангҳои мазҳабӣ ба Ироқ барнагардад:

Дар чашми ҳамаи мардум ва ҷаҳониён дар Ироқ демократия таҷовуз ва комилан хароб мешавад ва мо ҳарос дорем, ки он боиси бозгашти ихтилофоти мазҳабӣ ва хунрезӣ нашавад”.

Гурӯҳи Ироқия намояндагии аъзои худро дар порламон боздошт ва далелаш он аст, ки мақомҳои калидӣ дар ҳукумат дар ихтиёри шиаҳост, вале танҳо Нурӣ ал Моликӣ аз шиамазҳабон мақоми нахуствазириро ҳифз кардааст.
XS
SM
MD
LG