Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду нафар дар роҳи Роштқалъа кушта шуданд


Дар ноҳияи Роштқалъаи Бадахшон дар як ҳодисаи нақлиётӣ ду нафар кушта ва ду нафари дигар сахт ҷароҳат бардоштаанд. Дар ин бора матбуоти Тоҷикистон хабар додааст. Дар роҳи миёни деҳоти Сумчев ва Хидорҷев ронандаи мошини Тангем ҳангоми ҳаракат бо суръати баланд натавонистааст мошинро идора кунад ва мошин аз роҳ хориҷ шудааст. Ду мусофир дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ронанда ва як мусофири дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG