Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дастаи мунтахаби шаҳри Қӯрғонтеппа барандаи Ҷоми Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон шуд.

Мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Федератсияи вазнабардории
Тоҷикистон дар толори варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов сурат гирифт.

Дар рақобатҳо аз рӯи ҳашт дараҷаи вазнҳо 60 варзишгар дар ҳайати шаш дастаи мунтахаби шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Ваҳдат, ноҳияи Темурмалик ва Донишкадаи варзиш ширкат доштанд.

Дар сабқати дастаӣ мунтахаби Қӯрғонтеппа ғолиб омад. Дастаи Душанбе дар ҷои дуюм қарор гирифт. Тими ноҳияи Темурмалик сеюм шуд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ мувофиқи вазни худ се варзишгари шаҳри
Қӯрғонтеппа – Хуршед Тӯраев (69 кг), Азиз Шукуров (94 кг) ва Баҳриддин
Нуриддинов (105 кг), ду намояндаи Душанбе – Қурбоналӣ Давлатов
(62 кг) ва Фаттоҳ Зиёев (+105 кг), инчунин, Парвиз Бегов (Ваҳдат, 56 кг),
Диловар Мирасов (Темурмалик, 77 кг) ва Рустами Мурод (Кӯлоб, 85 кг)
ҷойҳои аввалро касб карданд.

Бобохон Сангов, дабири кулли Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон,
ба радиои Озодӣ гуфт, “ин охирин мусобиқаи вазнабардорӣ дар мавсими
имсола маҳсуб мешуд. Федератсияи вазнабардории Тоҷикистон мавсими
имсоларо ҷамъбаст кард. Низом Сангов, барандаи медали тиллои Ҷоми Осиё, беҳтарин вазнабардори Тоҷикистон дар соли 2011-ум
дониста шуд.”


Ёдовар мешавем, Низом Сангов дар Ҷоми Осиё, ки дар Узбакистон баргузор шуд, дар рақобатҳо дар вазни то 62 килограмм дар дуҳарба бо натиҷаи умумии 256 килограмм мақоми аввалро касб кардааст ва ин дар таърихи вазнабардории тоҷик беҳтарин натиҷа ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG