Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия аз Тоҷикистон барои даромадан ба СҶТ ҳимоят мекунад


Миёни Тоҷикистону Туркия дар бораи ҳимояти Туркия аз Тоҷикистон барои даромадан ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат протоколе ба имзо расид. Дар ин бора “Азия-Плюс” хабар додааст. Ин санад дар ҳошияи мулоқоти вазирони иқтисод ва тиҷорати кишварҳои узви Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дар Женев ба имзо расид. Аз ҷониби Тоҷикистон ин санадро Салоҳиддин Насриддинов-намояндаи Тоҷикистон дар дафтари СММ дар Женев ва аз ҷониби Туркия Бозуркат Аран-намояндаи доимии ин кишвар дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат имзо карданд.
XS
SM
MD
LG