Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико аз нооромӣ дар Жаноазени Қазоқистон нигарон аст


Жаноазен

Жаноазен

Амрико аз нооромиҳои ахир дар шаҳри Жаноазен воқеъ дар ғарби Қазоқистон изҳори нигаронӣ кард. Дар натиҷаи даргириҳои миёни пулис ва эътирозкунандагон дар ин шаҳр дастикам 14 нафар кушта, тақрибан 80 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Рӯзи шанбе дар деҳае бо номи Шетпе дар канори Жаноазен як нафари дигар дар задухӯрдҳо кушта шуд. Вазорати корҳои хориҷаи Амрико дар эъломияи мунташираи худ аз ҳамаи ҷонибҳои қазоқ хостааст, ки хештандорӣ нишон диҳанд ва аз мақомоти Қазоқистон хостааст, ки дар минтақа ҳамаи хатҳои иртиботиро дубора васл кунанд. Коргарони нафти Жаноазен аз моҳи маи соли ҷорӣ эътироз мекунанд ва хостори беҳбуди шароити кор ва боло бурдани дастмуздашон ҳастанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG