Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳсил дар хона. Роҳе барои "гурез" аз чанголи сил


Идораи маорифи ноҳияи Ҳамадонӣ 20 хонандаи мактаби деҳаи Қарағочро ба таҳсили хонагӣ ҷалб кардааст.

Ин тасмим ба он хотир гирифта шудааст, ки ин гурӯҳи муҳассилон гирифтори бемории сил гашта, бемориашон дар ҳоли хуруҷ қарор дорад ва дар чунин ҳолат имкони сироят кардани атрофиён мавҷуд аст.

Қувват Зумрадов, директори мактаби деҳаи Қарағоч мегӯяд, акнун давоми се моҳ, то анҷоми табобат дар нуқтаи тиббии деҳ ва хона, онҳо ҳаққи ширкат дар дарсҳоро нахоҳанд дошт. Ӯ мегӯяд, дар гузашта ба ин тарафи масъала аҳмияти кам дода мешуд ва шояд ин омил будааст, ки гирифторони бемории сил дар миёни хонандагон афзоиш ёфтааст.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи Зумрадов, ҳамроҳ бо Идораи тандурустии ноҳия дар се моҳ як бор хонандагон аз ташхис мегузаранд ва мактаббачагони гирифтор ба ин беморӣ зуд бистарӣ мегарданд.

Ӯ илова кард, ки “чунин таҷруба, фикр мекунам, натиҷаи хуб медиҳад ва сафи гирифторони бемории сил дар миёни наврасонро камтар мекунад. Муаллимони мо дар хона бо усулҳои бехатар ба онҳо таълим медиҳанд.”

Ба гуфтаи масъулин, аксар хонандагон аз бепарвоӣ ва сари вақт бистарӣ нашудан ҳолаташон вазнин шудааст. Бобоҷон, яке аз чунин хонандаҳост, ки пас аз се моҳи табобати ҷиддӣ ба мактаб баргаштааст ва пизишкон гуфтаанд, дигар ӯ касеро сироят намекунад. “Се моҳ ҳамроҳи бародарам табобат гирифтем. Табибон гуфтанд, ки бемории ту дигар хатар надорад”,-мегӯяд Бобоҷон.

Асрор Юсуфов, сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ҳамадонӣ, мегӯяд, бо вуҷуди кӯмакҳои зиёди давлативу созмонҳои мададрасон вазъи сокинони деҳа Қарағоч ҳанӯз хуб нест ва ба ин далел онҳо ба пуррагӣ аз чанголи сил раҳо наёфтаанд. “Дар деҳа ягон сабзавот кишт намешавад. Ҳолати оби ошомиданиашон низ хуб нест. Зиндагӣ дар Қарағоч бисёр сангин аст”,-гуфт Асрор Юсуфов.

Қарағоч, деҳаест дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, ки аксари сокинонаш гирифтори бемории сил ҳастанд. Соли гузашта аз бемории сил 12 нафар фавтидаанд, ки ду нафараш хонандаи мактаб будааст.

Дар навори зер: Бедодгариҳои бемории сил дар ноҳияи Восеъ

Сил дар Восеъ
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG