Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми ҳабси муовини президенти Ироқ содир шуд


Ториқ ал Ҳошимӣ

Ториқ ал Ҳошимӣ

Ҳукумати Ироқ, ки раҳбарии онро шиаҳо бар ӯҳда доранд, дастури боздошти Ториқ ал Ҳошимӣ-муовини раиси ҷумҳури ин кишварро содир кард. Ин болотарин мақоми пайравони суннӣ дар Ироқ аст ва ба терроризм муттаҳам мешавад. Одил Даҳом-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Ироқ рӯзи душанбе аз тариқи телевизиони давлатӣ гуфт, эътирофоте ба даст омадааст, ки Ҳошимӣ бо терроризм иртибот дорад. Ҳошимӣ яке аз раҳбарони гурӯҳи дунявии Ироқия аст, ки суннимазҳабони Ироқ аз он ҳимоят мекунанд. Ин гурӯҳ намояндагии аъзои худро дар порламон боздошт ва далелаш он аст, ки мақомҳои калидӣ дар ҳукумат дар ихтиёри шиаҳост, вале Нурӣ ал Моликӣ аз шиамазҳабон мақоми нахуствазириро ҳифз кардааст.
XS
SM
MD
LG