Пайвандҳои дастрасӣ

Тӯраҷонзода эътирози назди сафоратро "дасиса" номид


Ҳоҷӣ АкбарТӯраҷонзода

Ҳоҷӣ АкбарТӯраҷонзода

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода баргузории эътирозеро дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав “дасиса" хонд. Вай гуфт, ки мухолифи ҳар гуна эътироз барои дифоъ аз хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо мебошад. Оқои Тӯраҷонзода ба радиои Озодӣ гуфт, хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ихтилофе надорад, балки ихтилоф бо Шӯрои уламо ва бо баъзе аз шахсиятҳо дар ҳукумат мавҷуд аст ва ин ихтилофҳо дар чаҳорчӯбаи қонун ҳал хоҳанд шуд. Оқои Тӯраҷонзода эътирози назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскавро эътирози “гурӯҳи ношинос” номид.
XS
SM
MD
LG