Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳикматуллоҳи 8-сола дар интизори кӯмаки ҳамдиёрон


Ҳикматулло Ҷалолов
Ҳикматулло Ҷалолов

Волидони Ҳикматуллои ҳаштсола мегӯянд, ки барои наҷоти фарзанди хеш ба кӯмаки ҳамватанон ниёз доранд.

Ҳикматулло Ҷалолови ҳаштсола, сокини маҳаллаи Меҳрбахши шаҳри Ваҳдат аст, ки аз овони тифлӣ гирифтори бемории дил (тетрат фало) мебошад.

Волидонаш барои шифои ӯ ҳама дороии худро сарф карда, дар талошанд, то ҳарчи зуд Ҳикматуллои худро аз чанголи ин беморӣ наҷот бидиҳанд. Аммо онҳо мегӯянд, дар чунин лаҳзаи барояшон мушкил ба кӯмаки ҳамватанон ниёз доранд.

Ба қавли онҳо, барои ҷарроҳии Ҳикматулло дар бемористони Синои шаҳри Душанбе, ки шояд як дафъа ё бештар аз он сурат бигирад, ҳудудан 35-40 ҳазор сомонӣ лозим будааст.

Наздикони Ҳикматулло Ҷалолов ба дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе омада, шумораи телефон ва ҳисоби бонкии худро гузоштанд, то ҳар касе имкони кӯмак кардан ба ин хонаводаро дорад, бо онҳо тамос бигирад.

Телефон: (+992) 919 89 39 67

Ҳисоби бонкӣ. Бо сомонӣ:
Ҷалoлов Ҳикматулло Нигматуллоевич
р\сч 202169726000855
в ЗАО «Кафолатбонк»
БИК 350101991
к\с 20402972317991
ИНН: 055372097
ш. Ваҳдат

Ҳисоби бонкӣ. Бо доллар

IMTERMEDIARY BANK: DUTSCHE BANK TRUST
COMPANY AMERICAS
New York, USA
№ 04410090 (USA)
SWIFT: BKTRUS33

CORRESPONDENT BANK: OJSC PROMSVYAZBANK
Moscow, Russia
SWIFT: PRMSRUMM
Account: 30111840420000036901 USD
BENEFICIARY: JALOLOV HIKMATULLO HIKMATULOEVICH
XS
SM
MD
LG