Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон хостори чораҳои бештари амниятии СПАД шуд


Тоҷикистон аз Паймони амнияти дастаҷамъӣ дархост кардааст, барои таъмини аъзои худ пас аз хуруҷи нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ аз Афғонистон чораҳои иловагӣ андешад. Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ дар нишасти вазирони паймон гуфтааст, таҳдид ба амнияти минтақа пеш аз ҳама аз самти Афғонистон меояд ва хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ дар соли 2014 мумкин аст, вазъро муташанниҷ гардонад. Тоҷикистон бо Афғонистон қариб 1400 километр марзи муштарак дорад. Арманистон, Беларус, Русия, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон узви Паймони амнияти дастаҷамъиянд, ки дар соли 1992 таъсис ёфтааст.
XS
SM
MD
LG