Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти чандҳазорнафарӣ дар вилояти нафтхези Қазоқистон


Наздик ба 2000 нафар дар шаҳри ҷанубу ғарбии Мангистави Қазоқистон пас аз даргири хунини издиҳом бо полис дар ин минтақаи нафтхез даст ба тазоҳурот заданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, наздик ба 2000 нафар дар маркази вилояти Оқтоу гирдиҳамоӣ доир намуда, аз мақомот даъват карданд, нерӯҳои вижаро аз шаҳри Жанаозен берун баранд. Задухӯрди полис ва тазоҳуркунандагон, аз ҷумла коргарони кони нафт дар Жанаозен ба камияш 14 кушта ва 80 захмӣ ба ҷой гузошт. Рӯзи шанбе як нафар дар хушунатҳои рустои Шепте кушта шуд. Мақомоти расмӣ дар ин байн мегӯянд, вазъ дар Жанаозен ором шудааст.
XS
SM
MD
LG