Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рақибони Бердимуҳаммадов дар интихобот муайян шуданд


Дафтари матбуоти ҳукумати Туркманистон хабар дод, ки чанд номзади дигар дар як саф бо президенти феълӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар интихобот ширкат хоҳанд кард. Ин манбаъ мегӯяд, аз тадсиқи номзадии Бердимуҳаммадов то эълони номзадҳои дигар «фосилае» ба миён омадааст. Дар гузориш номи номзадҳои нав зикр нашуда, куллан гуфта мешавад, онҳо аз миёни сарони вилояту ноҳияҳо ва яке ҳам муовини вазири нақлиёти дарёии Туркманистон аст. Интизор меравад, дар интихоботи президентии 12-уми феврал Бердимуҳаммадов ба осонӣ пирӯз ӣхоҳад гашт.
XS
SM
MD
LG