Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Идораи тандурустии Кӯлоб барқасдона кушта шудани як табиби ин шаҳр дар Афғонистонро рад кард.

Ҷасади Абдураҳмон Файзов, ки барои кор ба Афғонистон рафта буд, рӯзе қабл (18 декабр) ба Кӯлоб оварда шуд.

Бисёриҳо мегуфтанд, ки табиби тоҷик дар Афғонистон кушта шудааст, аммо Сафаралӣ Раҷабмадов, мудири шӯъбаи тандурустӣ ин овозаро беасос донист. Ӯ гуфт, шояд вазъи Афғонистон ба ҳолати рӯҳиии Абдураҳмон Файзов таъсир расонидааст, ки аз сактаи қалб ба ҳалокат расидааст.

Мудири шӯъбаи тандурустии шаҳри Кӯлоб Файзовро беҳтарин пизишки осебшинос донист, ки бар асари мушкилиҳои зиндагӣ розӣ шудааст, то ба Афғонистон барои кор биравад. "Шояд аз ҷиҳати иқтисодӣ каме мушкил дошт, ки ба Афғонистон рафтааст. Беҳтарин табиб буд, вале беморхонаҳои ин ҷо талаботи ӯро қонеъ карда натавонист. Мо аз фавти ӯ афсус мехӯрем. Ба мо гуфтанд, ки аз бемории дил фавтидааст. Тамоми табибон аз фавташ ғамгин шуданд",-гуфт ӯ.



Коршиносон мегӯянд, маоши паст на танҳо кормандони дигар соҳа, балки пизишконро низ ба тарки Тоҷикистон водор кардааст. Зайниддин Раҳимов, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, ҳарчанд на ҳамаи табибон дар хориҷа муввафақ шаванд ҳам, вале ба хотири беҳбуд бахшидани зиндагӣ маҷбуранд, тарки кору кишвар кунанд. Ӯ мегӯяд, "аксари пизишкон дар Тоҷикистон поинтарин маошро соҳибанд ва онҳое зиндагии хуб доранд, ки аз беморон пора мегиранд."

"Бубинед, ки вазъи кишварҳои арабӣ хуб нест, вале табибони мо хостори сафар ба ин кишварҳоянд, агарчӣ хабарҳо мерасад, ки онҳоро асир мегиранду бемор мешаванд. Дар Афғонистон ҳарчанд духтурро эҳтиром мекунанд, аммо вазъ ба он ҳадде нест, ки зиндагиат хуб шавад",-мегӯяд ҷаноби Раҳимов.

Сафаралӣ Раҷабмадов, мудири шӯъбаи тандурустӣ низ ба ин гуфтаҳо розист. Раҷабмадов мегӯяд, беҳтарин пизишкони маҳаллӣ ҳоло дар Афғонистон, кишварҳои арабӣ ва Русия соҳиби ҷои коранд, вале дар Кӯлоб аз нарасидани мутахассисҳои гуногун мушкилӣ эҳсос мешавад.

Ӯ гуфт, "раҳи касеро гирифта намешавад, ки ту ҳатман дар ҳамин беморхона кор кун. Талаб мекунанд, ки барои мо шароит муҳайё намо, маоши хуб деҳ, баъд кор мекунем. Барои пеш бурдани зиндагиашон дигар ба ҳар ҷое, ки хоҳанд, мераванд."

Бар асоси иттилои расмӣ танҳо аз шаҳри Кӯлоб давоми даҳ соли ахир беш аз 500 табиб барои кор ба дигар кишварҳо рафтаанд. Афзоиши бемориҳои гуногун, шифо наёфтани бархе аз беморонро коршиносон маҳз ба омили нарасидани мутахассисони соҳаи худ арзёбӣ мекунанд. Пизишкони тоҷик бошанд, кор дар Афғонистони ҷангзада ва қашшоқро аз Тоҷикистон беҳтар медонанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG