Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Фирори" табибони кордон аз Тоҷикистон


Бино ба иттилоъи расмӣ, тайи 10 соли ахир шаҳри Кӯлобро бештар аз 500 табиби соҳибтаҷриба тарк карда барои кор ба хориҷ рафтаанд. Мақомоти расмӣ эътироф мекунанд, ки табибон аз ноилоҷӣ шаҳрро тарк мекунанд, чун мисли дигар ҳамкоронашон дар Тоҷикистон музди кори ночиз мегиранд, ки барои таъмини хонаводаҳояшон кофӣ нест. Аммо кор дар хориҷ барои баъзе онҳо бо фоҷиа меанҷомад. Ахиран Абдураҳмон Файзов, яке аз табибони шинохта дар шаҳри Кӯлоб бар асари сактаи қалб дар Афғонистон даргузаштааст.
XS
SM
MD
LG