Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоӣ дар як шаҳри дигари Қазоқистон


Дар шаҳри Оқтоу дар ҷанубуғарби Қазоқистон имрӯз ҳудуди 2 ҳазор нафар раҳпаймоӣ карда ва хостори берун кашидани нерӯҳои махсус аз шаҳри ноороми Жанаозен шуданд. Дар ин шаҳр рӯзи ҷумъа дар бархӯрди нерӯҳои пулис бо тазоҳургарон дасти кам 14 нафар кушта ва ҳудуди 80 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Рӯзе баъд дар рустои наздик ба он шаҳр як нафарро куштанд. Тазоҳургарон дар шаҳри Оқтоу маркази вилояти Мангистау хостанд, вазъи фавқуллода дар Жанаозен лағв шавад ва пулис барои таъмини низому тартибот аз силоҳ истифода накунад. Айни замон Йержан Қозихонов, вазири умури дохилии Қазоқистон гуфт, вазъ дар Жанаозен ба ҳолати оддӣ баргаштааст:“То имрӯз вазъ комилан ором шуда ва ҳеҷ гуна иғвои нав низ дида нашуд.“ Кормандони ширкатҳои нафтӣ дар Жанаозен аз моҳи май ба ин сӯ бо талаби музди кору шароити беҳтар тазоҳурот мекарданд, аммо мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ошӯбҳо ба баҳсҳои коргарон иртибот надорад.
XS
SM
MD
LG