Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзҳои душанбе ва сешанбе дар Маскав чаҳор мулоқоти раҳбарони кишварҳои Шӯравии собиқ баргузор мешавад.

Ба ҷуз аз мулоқоти умумии 20-умин солгарди ташкили ИДМ, раҳбарони Русияву Белорусия ва Қазоқистон алоҳида масъалаҳои Шӯрои иқтисодии АвруОсиё, раҳбарони Русияву Беларусия, Қазоқистону Арманистон, Тоҷикистону Қирғизистон масъалаҳои ЕврАзЕС ва раҳбарони ҳамин кишварҳо бар иловаи Узбакистон масъалаҳои ОДКБ ё Созмони паймони амнияти дастаҷамъиро баррасӣ мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар се мулоқот ширкат хоҳад дошт. Бо назардошти ин, ки раҳбарон дар доираи чаҳор созмон бо ҳам мулоқот мекунанд, аз Андрей Грозин, мудири бахши Осиёи Марказии пажӯҳишгоҳи СНГ ё кишварҳои ҳамсуд пурсидем, ки дар ин мулоқот ба баррасии кадом масоил бештар бартарӣ қоил хоҳанд шуд?

Андрей Грозин: “Ба назари ман, масъалаҳои ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ хоҳанд шуд. Ин масъалаҳо эълон шудаанд. Ҳамгироӣ дар бахшҳои иқтисод ва масъалаҳое, ки ба ташкил ва механизми оғози фаъолияти иттиҳоди Гумрукӣ иртибот дорад. Ин масъалаҳо бештар таваҷҷӯҳи кишварҳои СНГ-ро ҷалб кардааст. Масъалаи Иттиҳоди Авруосиё низ муҳим аст. Онро Русия пешниҳод кардааст ва се ҷониб Маскаву Минск ва Остона онро хеле фаъолона баррасӣ мекунанд. Возеҳ аст, ки ин масъала барои кишварҳое чун Қирғизистону Тоҷикистон муҳим аст. Барои онҳо ин масъала моҳиятан ба маънои наҷоти онҳост, ки бояд мавзеъгирии худро дар баробари ояндаи ҳамгироии иттиҳодҳо дақиқ кунанд. Маълум аст, ки дар ин замина ҳам барои Душанбе, ҳам барои Бишкек ва ҳам барои Киев масъалаҳои зиёде мавҷуд аст. Ва ҳоло онҳо бояд дар ин бора тасмим бигиранд. Гузашта аз ин, ман фикр мекунам, ки бо назардошти дурнамои амният дар қаламрави кишварҳои ҳамсуд, масъалаҳои амниятӣ низ баррасӣ хоҳанд шуд.”

Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Радиои Озодӣ: Андрей Валентинович, дар остонаи ин мулоқот ҷаноби Путин дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Известия” дар бораи барқарории Шӯравии пешин дар шакли дигаре изҳори ақида кард. Ба назари Шумо, ин масъала низ барои баррасӣ дар дастури рӯз қарор дорад?

Андрей Грозин: "Фикр мекунам, ки эҳтимол надорад. Фикр мекунам, ки ин масъала ҳоло бар таври мустақим матраҳ нахоҳад шуд. Ҳама хуб медонанд, ки дар давоми 20 соли баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ кишварҳо аз нуқтаи бозгашт ба Шӯравӣ хеле дур шуданд ва ба таври назариявӣ ин кор имконпазир нест. Ҳоло ҳама бо истиқлоли худ зиндагии хуб доранд. Нухбагони ин давлатҳо одат кардаанд, ки касе онҳоро контрол намекунад, хостҳои онҳоро маҳдуд намекунад, аз ҷумла дар бахши ҳамкориҳои иқтисоди хориҷӣ. Додани ҳисобот ё гузориш ба ниҳоди болоӣ ба нафъи онҳо нест. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки дар марҳилаи кунунӣ зери шакку шубҳа бурдани ҳифзи истиқлоли худ то андозае мушкил аст. Масалан, мавзеъгирии Узбакистонро бигирем. Бо вуҷуди он ки ин мавзеъгирӣ ба таври ошкоро эълон нашудааст, вале аз эъломияҳои ду ҳафтаи ахири Ислом Каримов чунин бармеояд, ки истиқлол барои Тошканд комилан арзиш дорад ва он ба муносиботи дуҷониба бартарӣ қоил аст, на ба ташкили иттиҳодияҳои бисёрҷонибаи кишварҳо."

Радиои Озодӣ: Чаро баъзе масъалаҳои баҳсбарангези миёни кишварҳои ҳамсуд, аз қабили сохтмони иншооти энержӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ва Узбакистон дар чунин мулоқот баррасӣ ва ҳал намешаванд?

Грозин: "Худхоҳии нухбагон ё раҳбарон, набуди тафаккур дар сатҳи давлатӣ, моделҳои тактикии самтгирӣ дар сиёсати хориҷиву дохилӣ, набуди дурнамои стратегӣ сабаби он аст ва ҳама хеле хуб медонанд, ки ҳамгироӣ раванди ҷаҳонист. Ҷаҳонишавиро касе рад намекунад ва мавҷудияти ҳар кишваре дар танҳоӣ дар ин ҷаҳони нав мушкилтару мушкилтар мешавад. Вале бори дигар ёдоварӣ мекунам, ки ҳеҷ кас унсури контрол бар захоири табиии худро ба каси дигар намедиҳад."

Радиои Озодӣ: Бо вуҷуди он ки миёни кишварҳои СНГ қарордодҳои зиёди ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба вуҷуд дорад, раҳбарон масъалаҳои баҳсбарангезро дар чунин мулоқотҳо баррасӣ намекунанд. Масалан, маъалаҳои ҳамлу нақли коло дар Осиёи Марказӣ тавассути Узбакистонро метавон намуна овард...

Андрей Грозин: "Механизми СНГ вокуниши дақиқ ба чунин “ихтилофҳо”-ро пешбинӣ намекунад. Котиботи СНГ метавонад дар ин замина пешниҳодҳо ва дархостҳои худро ба кишварҳои узв, ки дар ҳоли муноқиша ҳастанд, дар миён гузорад. Вале наметавонад таҳрим ҷорӣ кунад. Чунин механизми таъсир расондан вуҷуд надорад. Ин гуна ихтилофотро ҳал намекунад. СНГ барои ҳалли ин гуна масъалаҳои душвор ва чандҷониба пешбинӣ нашудааст."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG