Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои нави сиёсӣ дар дохили ҳукумати Ироқ


Додгоҳи Олии Ироқ Тариқ ал-Ҳошимӣ, муовини раиси ҷумҳурро, аз ҳаққи сафар ба хориҷ маҳрум кардааст. Ал-Ҳошимӣ ва Солеҳ ал-Мутлақ, муовини нахуствазири Ироқ, баъди боздошти се муҳофизи Ҳошимӣ, ки онҳоро бо иттиҳоми “фаъолиятҳои эҳтимолии террористӣ” боздошт карданд, таҳти фишори афзоянда қарор гирифтаанд. Ҳошимӣ ва Мутлақ, суннимазҳаб ва узви ҷиноҳи сиёсии Ироқия ҳастанд, ки гуфтааст, ба нишони эътироз аз инҳисор ва ё монополияи қудрат аз тарафи нахуствазир Нурӣ ал-Моликӣ порлумонро таҳрим мекунанд. Нурӣ Моликӣ хостааст, Солеҳ ал-Мутлақ аз мақомаш барканор шавад. Ин моҷароҳои сиёсӣ нигарониҳо аз бад шудани вазъи амниятӣ дар Ироқро барангехт, ки қарор аст, нерӯҳои амрикоӣ то охири сол он кишварро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG