Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони 7 кишвар дар Маскав гирди ҳам меоянд


Фардо дар шаҳри Маскав нишасти раҳбарони кишварҳои узви созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ баргузор мешавад, ки Тоҷикистон низ шомили он аст. Дар ин нишаст, ҳамкориҳои низомӣ, мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва авзоъ дар Афғонистон баррасӣ мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ба хотири ширкат дар ин нишаст имрӯз вориди Маскав шуд. Ин нахустин сафари ӯ ба пойтахти Русия баъди моҷаро ба сари ҳукми зиндони халабонҳои рус аст, ки равобити ду кишварро тира кард. Ба созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон, Ӯзбакистон ва Ҷумҳурии Белорус шомиланд.
XS
SM
MD
LG