Пайвандҳои дастрасӣ

НАТО амалиётҳои баҳсбарангезро идома медиҳад


Паймони НАТО мегӯяд, амалиётҳои шабона алайҳи ҷангҷӯён дар Афғонистонро идома хоҳад дод, ҳарчанд раиси ҷумҳур Ҳомиди Карзай аз онҳо хостааст, ин корро накунанд. Карстен Ҷейкобсон, сухангӯи НАТО имрӯз гуфт, дар тақрибан ҳамаи ин амалиётҳо, нерӯҳои махсуси афғон ширкат мекунанд ва ҳузури онҳо меафзояд. Ҳомиди Карзай дар гузашта аз нерӯҳои хориҷӣ борҳо хоста буд, тафтиши хона ба хона дар Афғонистонро бас кунанд, аммо ба гуфтаи нерӯҳои байналмилалӣ ин яке аз роҳҳои беҳтарини боздошти раҳбарони ҷангҷшӯён дар Афғонистон аст. Ба гуфтаи Карстен Ҷейкобсон, талафоти ғайринизомиён дар амалиётҳо танҳо як дар садро ташкил медиҳад ва тирандозӣ ҳам дар ин амалиёт бисёр кам аст.
XS
SM
MD
LG