Пайвандҳои дастрасӣ

Қурбониёни фалокат дар Сахалинро берун кашиданд


Мақомоти Русия мегӯянд, ҷасади 10 нафар аз қурбониёни фалокати манора ва ё платфорамаи нафткашеро пайдо карданд, ки дар наздикии ҷазираи Сахалин ғарқ шуд. Матбуоти Русия мегӯяд, ҷасадҳои қурбониёни дигари фалокат дар рӯи об дида шудааст, вале наҷотбахшон то кунун натавонистаанд, онҳоро бигиранд. Вениамин Иванчёв, намояндаи маркази наҷотбахшӣ дар Владивосток гуфт, тӯфон нагузоштааст, маллоҳон бо қаиқҳо худро наҷот диҳанд: "Соати 5:45 ба вақти Маскав, манораи нафткаш чаппа ва соати 6:49 ғарқ шуд. Қаиқҳои наҷотро об бурд ва дар атрофи манора ҳанӯз ҳам либосҳои холии наҷот шино мекунанд. Яъне ба маллоҳон муяссар нашудааст, қаиқҳои наҷотро ба об сард диҳанд." Манораи нафткаши Колская рӯзи якшанбе бо 67 нафар кормандонаш зимни кашида бурдан ба ҷазираи Сахалин дар Баҳри Охотск ба чанги тӯфон афтод ва ғарқ шуд. Танҳо 14 нафар билофосила баъди ҳодиса наҷот дода шуданд. Ба гуфтаи муфаттишон шояд, риоят накардани меъёрҳои бехатарӣ сабаби фалокат шуда бошад.
XS
SM
MD
LG