Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргузашти Ким Чен Ир, раҳбари Куриёи Шимолӣ


Ким Чен Ир, раҳбари Куриёи Шимолӣ, дар синни 69-солагӣ даргузашт. Хабари марги ӯро рӯзи душанбе барандаи телевизион, ашкрезон эълом кард. Ким Чен Ири канораҷӯ, ки се сол пеш гирифтори сактаи мағзӣ шудааст, зимни сафар бар асари сактаи дил ҷон додааст. Чанд соат баъд аз марги ӯ, телевизиони давлатии Куриёи Шимолӣ, Ким Йонг Ун писари хурдии Ким Чен Ирро “вориси бузурги поягузори инқилоб” хонд ва аз мардум хост, дар атрофи ӯ муттаҳид шаванд. Ким Йонг Уни 20-соларо чанде пеш мақоми баланде доданд. Падари ӯ ҳукуматро аз бобояш Ким Ир Сен дар соли 1994 мерос гирифта буд. Маросими дафни Ким Чен Ир, рӯзи 28 декабр баргузор мешудааст.
XS
SM
MD
LG